Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт(а) ـ Абно ـ сафир ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Маҷмаи Умумӣ, дар мавриди мавзӯи истифода аз ҳаққи вето дар Шӯрои Амният дар қатъномаи пешниҳодӣ барои оташбаси Ғазза гуфт, ки ҷои таассуфи бисёр аст, ки Шӯрои Амният барои шашумин бор дар моҳҳои ахир ба далели сӯиистифодаи такрории Амрико аз ҳаққи вето натавонистааст қатъномаеро барои таваққуфи таҷовузоти бераҳмона алайҳи мардуми Фаластин ба тасвиб расонад.
Амирсаид Ирвонӣ дар ин нишаст гуфт: Коршикании Амрико на танҳо дар тазоди ошкор бо иродаи қатъии ҷомеаи байналмилалӣ аст, ки ҳамвора бар ҳимояти худ аз адолат, сулҳ ва ҳуқуқи мусаллам ва ғайри қобили салби мардуми Фаластин таъкид карда, балки ба таври мустақим низ бо ҳамон тааҳҳуде, ки Иёлоти Муттаҳида мукарраран дар гуфтори худ ба нақши сулҳҷӯёна изҳор дошта, муғойират дорад. Дар ҳоле ки дар амал аз ишғолгари мутаҷовиз ҳимоят карда ва заминаи истимрори нақзҳои фоҳиши ҳуқуқи байналмилалро фароҳам овардааст.
Ӯ идома дод: Наздик ба ҳашт даҳа аст, ки режими ишғолгари саҳюнистӣ сиёсатҳои ғайриқонунӣ ва ҷинояткоронаеро думбол намуда, ки дар ду соли ахир ба бомбборонҳои низомманду безобитае ташдид ёфтааст, ки мунҷар ба қатли даҳҳо ҳазор ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, шудааст.
Ирвонӣ афзуд: Ин иқдомот нақзҳои фоҳиши ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва ҳуқуқи башар буда ва ба поксозии қавмӣ, муҳосираи ғайриқонунӣ, истифода аз гуруснагӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ, сиёсатҳои шаҳраксозӣ ва апартэйд, терроризми шаҳракнишинон, мусодираи заминҳо, тахриби хонаҳо ва ҳамла ба амкони муқаддаси исломӣ ва масеҳӣ анҷомида ва Ғаззаро ба вайрона мубаддал сохтааст. Ин иқдомот ҳамчунин мусдақи наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият бар асоси Асосномаи Руми Девони Кайфарии Байналмилал маҳсуб мешавад. Дар воқеъ, Комиссияи мустақили байналмилалии таҳқиқи Созмони Милал расман таъйид кардааст, ки режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин муртакиби наслкушӣ шудааст.
Ирвонӣ изҳор кард: Бо вуҷуди ҳамаи ин воқеиятҳои фоҷеабор, Шӯрои Амният ҳамчунон дар баробари ин бӯҳрон фалаҷ мондааст. Иёлоти Муттаҳида бо ҳимояти такрорӣ аз мақомоти ҷинояткори режими саҳюнистӣ ва ҷилавгирӣ аз посухгӯии онон, заминаи истимрори нақзҳои фоҳиши ҳуқуқи байналмилалро фароҳам оварда, эътибори шӯроро тазъиф карда, бунёдҳои чандҷонибагароиро тазъиф намуда ва аз анҷоми вазифаи худ зери маншур дар ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ сар боз задааст.
Намояндаи Эрон дар Созмони Милал гуфт: Ҷомеаи байналмилалӣ наметавонад дар баробари чунин вазъияти тражикӣ сукут ихтиёр кунад. Баръакс, бар аъзои Шӯрои Амният воҷиб аст, ки бар асоси фасли ҳафтуми маншур, масъулиятҳои худро тариқи иттихози иқдомоти фаврӣ ва илзомӣ барои таваққуфи хунрезӣ, тазмини посухгӯӣ, ва ҳимоят аз мардуми Фаластин ва соири миллатҳои минтақа, ки ҳамчунон бо таҳдидоти мошини ҷангии режими саҳюнистӣ алайҳи ҷон ва истиқлоли худ даст ва панҷа нарм мекунанд, ифо намоянд.
Ирвонӣ тасриҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Шӯрои Амният мехоҳад то:
-
Оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Ғаззаро тасвиб ва иҷро намояд.
-
Рафъи тамоми маҳдудиятҳо ва муҳосираҳои режими саҳюнистӣ бар кумакҳои башардӯстонаро, мутобиқ бо ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона тазмин кунад.
-
Ҳар гуна тарҳи илҳоқ, ҷобаҷоӣ иҷборӣ ё искони муҷаддад дар кишварҳои солис (сеюм)-ро рад ва маҳкум намояд.
-
Иқдомоти такрории таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Сурия, Лубнон, Яман, Қатар ва Эронро маҳкум созад.
-
Қабули давлати Фаластин ба унвони як узви комили Созмони Милали Муттаҳидро тасвиб намояд.
-
Режими саҳюнистиро мулзам кунад то нерӯҳои ишғолгари худро аз сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин, Лубнон ва Сурия хориҷ созад ва ба таҷовузот ва нақзҳои ҷории худ поён диҳад.
-
Тадобири танбеҳии илзомӣро тибқи фасли ҳафтуми маншур алайҳи режими саҳюнистӣ аъмол кунад; ба гунае, ки ин режим ва ҳомии аслии он яъне Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дарёбанд, ки ҷомеаи байналмилалӣ наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият ё таҷовузро бидуни посух таҳаммул нахоҳад кард.
Намояндаи Эрон ҳамчунин гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар таъкид мекунад, ки поён додан ба наслкушӣ ва ишғол дар Фаластин ва таъсиси як давлати мустақили фаластинӣ бо узвияти комил дар Созмони Милал, бидуни ҳеҷ истисно ҳам хости ҷомеаи байналмилалӣ аст ва ҳам масъулияти тамоми кишварҳои узв. Ҳуқуқи мусаллам ва ғайри қобили салби миллати Фаластин, аз ҷумла ҳаққи таъйини сарнавишт ва таҳаққуқи адолат барои ҷиноёти иртикобёфта алайҳи онон бояд муҳтарам шуморида шавад. Ҷумҳурии Исломии Эрон амиқан муътақид аст, ки танҳо роҳи пойдор барои ҳалли ин бӯҳрони таърихӣ, роҳҳалле аст, ки баҳрамандии комил аз ин ҳуқуқро фориғ аз ҳар гуна мудохила, иҷбор ё султаи хориҷӣ тазмин кунад.
Your Comment